Ҳадаф ва вазифаҳои Маркази Гумилёв

Маркази мо:
— Семинару конфронс ва чорабиниҳоро доир ба мардумшиносӣ, этнопсихология, антропология, авруосиёӣ, ҷуғрофияи минтақавӣ, фалсафа, минтақашиносӣ, фархангшиносӣ ва дигар фанҳои гуманитарӣ ташкил ва мегузаронад.
— Лоиҳаҳои иттилоотиро доир ба мавзуъҳои муҳими замона (тадқиқоти илмӣ ва саҳроии мардумшиносӣ ва фарҳанг, экспедитсияҳои этнологӣ ва археологӣ, реставратсияи шаҳрҳои қадим, анъанаҳои муқаддас, ҷашнҳои халқҳои кишвари мо, бунёди этнодеҳаҳо) дастгирӣ мекунад ва амалӣ мегардонад.
— Дар ташкил ва тарғиботи иқдомоти фарҳангии энтузиастҳо ва устодони фарҳанг иштирок мекунад, намоишҳо, консертҳо, фестивалҳо, ҷашнҳои этникӣ ва карнавалҳоро ташкил мекунад.
— Аз ҳуқуқи халқҳо оид ба шинохти фарҳангӣ, арзишҳои инсонӣ, забон ва экологияи рушди маҳал пуштибонӣ мекунад.

— Дар минтақаҳои даргир мониторинги мухолифатҳои этникӣ ва мазҳабиро мегузаронад. Оид ба методологияи бархурд ва роҳи сулҳомези мухолифатҳо тавсияҳо таҳия мекунад.
— Идеологияи аврусиёиро (дар мисоли ғояҳои Трубетской, Савитский, Сувчинский, Карсавин, Хара- Даван, Бромберг, Якобсон, Алексеев, Эфрон, Георгий Вернадский, Лев Гумилев) таблиғ мекунад. Марказ тадқиқотҳоро доир ба таърих ва фалсафаи Авруосиёӣ (ба вижа барои олимони ҷавон грантҳо ҷудо мекунад), ба фаъолияти ноширӣ ва маърифатӣ машғул мешавад.
— Лоиҳаҳои зеҳнӣ, сиёсӣ ва иқтисодие, ки барои ҳамгироии кишварҳои муштаракулманофеъ ва Иттиҳоди Авруосиё мусоидат мекунад, дастгирӣ менамояд.
— Дар амалӣ гаштани лоиҳаҳои иқтисодӣ ва навовариҳое, ки бо анъанаҳо ва фарҳанги этномазҳабии халқҳои Русия ва кишварҳои ИДМ (этнотуризм ва тибби халқӣ, бунёди иншоотҳои экологӣ) алоқаманданд, ёрӣ мерасонад.
-Дар ҳаёти ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолона иштирок намуда, дар Маҳфили маскавии Авруосиёӣ маҳфилҳо гузаронида, ҳаёти гул-гулшукуфони ҷомеаи моро бо коршиносон, устодони санъат ва бизнес мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Эъломияи Маркази Лев Гумилёв
.

You Might Also Like

Добавить комментарий

Your email address will not be published. Required fields are marked *

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>